Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2020

Posted by

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати  ба амал  баровардани  адолати  судӣ  дар нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2020 баргузор гардид.

Дар ҷаласа Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров Содиқ Ашурович, муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо,  кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, раисон ва судяҳои судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Мутобиқи  рӯзноми  маҷлис оид ба ҷамъбастии фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2020. Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда маърӯза намуда, сипас ахбороти  муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода Зокир оид ба натиҷаи  фаъолияти марҳилаи кассатсинӣ ва назоратӣ  шунида шуд. Сипас оид ба натиҷаи фаъолият Раисони суди иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе баромад намуданд.

Дар идомаи маҷлис натиҷаи фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳури барраси гардида вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар охир Лоиҳаи қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисоди дар нимсола аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2020 – ро ироа намуданд, ки аз тарафи аъзоёни Раёсати Суди Олии иқтисодӣ якдилона қабул гардид.

Натиҷаи фаъолияти судҳои иқтисоди дар нимсолаи  якуми соли 2020 пурра ва муфассал дар инҷо дарсрас намоед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *