Этика «Либоси  миллӣ – ҷузъи  тавонои  фарҳанги миллӣ»

Posted by

Дар байни қавму миллатҳо ва пайравони динҳои гуногун сару либос яке аз унсурҳои муҳиме мебошад, ки тавассути он мансубияти нажодию миллӣ ва эътиқоди одамонро ба осонӣ муайян намудан мумкин аст. Истилоҳи сару либос маҷмӯи талаботу муқаррароти муайяни фарҳангӣ буда, ҳар халқ сару либоси хоси худро дорад ва бо он ифтихор менамоянд. Сару либос ҷузъи фарҳанги миллӣ буда, дар таркиби фарҳанг яке аз рукнҳои асосӣ мебошад. Аз ин рӯ халқҳое, ки худро эҳтиром менамоянд ва ҳамчун миллат ташаккул ёфтаанд бо либоси миллии худ ифтихор намуда, дар тамоми умр чун оинаи миллат ба  тарғибу  ташвиқи онҳо машғул мебошанд. Дар давраи Шӯравӣ то  Истиқлолият ду навъи либос  дар фарҳанги миллии тоҷикон ба ҳукми анъана даромад. Либосҳои миллӣ дар баробари ҳифз кардани асолати фарҳанги миллӣ дар маҳалҳо алоҳида ба завқу шавқу табиати ин маҳалҳо созгор гардонида шуда, бо рангорангии худ либоси миллии тоҷикиро бойю ғанӣ гардониданд  ва дар ҳар як нақшу нигор ва тарзи духти онҳо орзую амали ҳунармандону чеварони маҳаллию халқӣ ифода меёфтанд. Бо ҳамин роҳ сару либоси  хатлонӣ, суғдӣ, бадахшонӣ, ҳисорӣ, раштӣ ва ғайраҳо  пайдо гардид.
Пас аз  Истиқлолият бонувон ва духтарони тоҷик дар рушди либоси миллӣ тамошо карда, либосҳои зебои миллиро пазируфтанд ва онро такмил бахшиданд. Дар шаҳрҳо бошад либоси аврупоӣ барои  кормандон расмӣ  қабул  шуда, онҳо низ ба ҷузъи таркибии либоси миллии мо ворид гардиданд. Бинобар ин арҷ гузоштан ба ин либосҳо асолати фарҳанги моро нишон дода, риояи онҳо боиси таҳким ёфтани фарҳанги либоспӯшӣ  дар кишвар мегардад. Бояд гуфт, ки дар иртибот ба сару либос ҳамчунин тақозо мешавад, ки пероҳани занон бояд ба услуби анъанавии либосҳои занона мувофиқат кунад. Либоси занон бояд боиффату озод бошад, матояш шаффофи тобанда набошад. Либос инчунин набояд танг, балки то андозае кушоду бароҳат духта шавад, шаклу навъҳои сарулибос дар иқлиму минтақаҳо аз ҳам тафовути калон доранд, вале ба ҳар бобат талаботи либоспӯшӣ аз руи мазмун ва муҳтаво бо назардошти вежагиҳои анъанаҳои фарҳанги  миллӣ  мутобиқ  гардонида мешавад.
Раванди ҷаҳонишавӣ дар масъалаи шаклу намуд ва тарзи либоспӯшии  миллии мо таъсири ҳалкунанда расонида истодааст. Бояд эътироф кард, ки пешниҳоди дизайнӣ ва тарҳи сарулибос асосан аз ҷониби тарроҳони кишварҳои аврупоии узви G7 (ҳафтгона) ба амал бароварда мешавад. Ҳатто Туркия дар масъалаи  пӯшидани  нусхабардорӣ тарроҳони аврупои мебошад.
Рафтори номатлуби як идда занону духтарони мо ва ноогоҳии  онҳо аз анъанаҳои  суннатии  либоспӯшии гузаштагони мо аз бемасъулияти комили онҳо дарак дода, ноогоҳона пероҳанҳои гуногуни ба мардуми мо бегонаро ба бар менамоянд. Ҳифзи амнияти  давлатӣ  ва  фарҳанги  миллӣ  тақозо  менамояд, ки тарроҳони мо дизайни пероҳанҳоро  пешниҳод  пешниҳод намоянд, ки онҳо дар як вақт  ҳам ниёзҳои динию дунявии занону бонувони тоҷикро қонеъ гардонанд, аз нигоҳи завқу салика дилкашу руҳнавоз бошанд ва ҳам таваҷҷӯҳи  онҳоро  аз истифодаи либосҳои бегона коста созанд.

Раиси  Суд                                     Азизи  Н

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *