Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted by

31 май дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст “Оид ба ҷараёни иҷрои Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 дар соли 2018” ва Дар бораи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 барои солҳои 2019-2022” ҳисоботи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода шунида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтию босамари барномаи рушди сайёҳӣ, беҳдошти инфрасохтори соҳа, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои мушаххас андешида шавад. Барои ба ҷаҳониён шиносонидани сарзамини аҷдодӣ, ҷойҳои таърихӣ аз нав эҳё гардидаву ба хатсайрҳои сайёҳӣ ворид гардад. Бо таҳияи барномаҳои махсус табиати зебову нотакрори кишвар, обҳои мусаффои чашмаҳо, руду дарёҳо, меваҳои хуштамъ, гулу гиёҳҳои шифобахш, сайёҳии шикорӣ, таомҳои миллӣ, расму оинҳои бою қадимаи миллати тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ, ба таври васеъ ташвиқу тарғиб карда шавад.

Сипас дар кори маҷлис масъалаҳо Дар бораи Тартиби баргардонидани маблағҳо аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” муҳокима гардид.

Аъзои Ҳукумати мамлакат баъди муҳокима барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти ҳокимияти давлатӣ”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи парандапарварӣ”-ро ирсол карданд.

Дар маҷлиси ҳукумати кишвар масъалаҳои дигар, аз ҷумла Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ ва Дар бораи Андоза ва тартиби пардохти стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар рафти маҷлис ҳамчунин Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба ҷараёни тадбирҳои ободонӣ дар пойтахти кишвар, вусъати корҳои созандагӣ дар иншоотҳои ҷашнии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, таъмини фаровонии маводи ниёзи аввал дар бозорҳои шаҳр, аз қабили меваю сабзавот, орд, равған, гушт, танзими нарх дар бозорҳо бо ташкили намоиш-фуруши маҳсулоти кишоварзӣ, расонидани кумакҳои яквақтаи хайрия ба сокинони ниёзманд, омодагии пойтахт ба чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ, ҳисобот доданд.

Дар охири кори маҷлис Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини иҷрои супоришҳои маҷлиси навбатӣ ва амалӣ кардани дигар дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас доданд.

Дастурҳо барои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, омодагии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба давраи зимистон, захираи кофии маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили саҳро, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии моддии табақаҳои ниёзманди ҷомеа дар моҳи шарифи Рамазон, дар рӯзи ид ба эҳтиёҷмандон расондани фитри рӯза, дода шуд.

president.tj

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *