Паём – таҳрикдиҳандаи ҷавонон

                    

16  декабри  соли  2025 Пешвои миллат ,  зимни ироаи  Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ як нуқтаи бисёр муҳиму  пурмуҳтаво ва созандаро барои  ҷавонон иброз дошт, ки он  дар тамоми сол таҳрикдиҳандаи  ҷавонони кишвар  гардид. Нуктае, ки  ҷавоноро  боз ҳам  масъулятноктар намуд, то дар роҳи ободию  зебоии Ватан саҳми бештар  дошта бошанд.

Сарвари давлат дар Паёми худ иброз дошт, ки : “Мо бо ҷавонони созандаи  худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии ватанамон  имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои  шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар – Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.”

Воқеан ин сухани Пешвои миллат дар Паёмаш  дар соли 2016 бори дигар  собит кард, ки  Президенти кишвар муътақид бар он аст, ки ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузург ва созанда баҳри  пешбурди  ин сарзамин аз ҳама бештар саҳм гузошта метавонанд. Ин гуфтаи  Пешвои миллат бо дарназардошти он қайд гардид, ки оянда ва пешбарандаи  ин давлату миллат маҳз ҷавонон мебошанд ва нигоҳдории он  ба ҷавонон вобастагии амиқ дорад.   Аз ҳамин ру, бо мақсади  дарки ин масъулият, ҷавонони кишвар барои сазовор гаштан ба боварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли ҷорӣ дар бунёди коргоҳу корхонаҳои  хурду бузург, нақбу роҳҳо, иншооти мухталифу муҳими  иҷтимоию фарҳангӣ, чорабиниҳои  варзишӣ дар дохили кишвар ва арсаи ҷаҳон ва ғайраҳо  фаъолона иштирок намуда, дар барафрохтани   Парчами давлатӣ ва рушди босуботи   кишвар саҳми назаррас гузоштаанд.

Паёми  Пешвои миллат  ба ҷавонон чандин роҳу марҳилаҳои  навро кушод, ки дар фаъолияти  минъбадаи  онҳо нақши калидиро мебозад.

Дар заминаи  Паёми Пешвои миллат ин сол баҳри  рушди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани  шароити  мусоид барои онҳо як  қатор санадҳои  дахлдор  марбут ба соҳаи мазкур қабул  ва амалӣ гардонида шуд, ки таъсиси  Шӯрои милли кор  бо ҷавонон дар назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи барҷастаи онҳост. Шӯрои миллии кор  бо ҷавонон дар назди Президенти кишвар 18 – уми июли  соли 2015 таъсис ёфта, 27 – уми майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Шӯро бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат гузаронида шуд.

Таъсиси  Шӯро яке аз дастовардҳои  муҳими ҷавонон дар замони  соҳибистиқлолӣ мебошад. Зеро он ба  ҷавонон имкон фароҳам овард, ки  дар ҳама самтҳо, аз сиёсати давлатӣ то ба иқтисоду иҷтимоъ фаъолона  ва бидуни ҳеҷ мамоният иштирок намоянд.

Пешвои миллат зимни паёми табрикӣ бахшида ба  Рӯзи ҷавонони  Тоҷикистон қайд намуд: “Ба хотири  таҳким бахшидани  робита миёни Президент   ва ҷавонони  мамалакат дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст, ки ҳадафи асосии он татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат дар амалӣ намудани  пешниҳоду ташаббусҳои  онҳо мебошад”.

Ҳамчунин , Сарвари давлат зимни баромади худ дар ҷаласаи  якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор барои беҳтар гардонидани шароиту имкониятҳои ҷавонон, бунёди майдону толорҳои  варзишӣ, тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон, таъсиси ҷойҳои  иловагии кори, ҷудо кардани  маблағҳои  грантӣ барои ҷавонон баҳри пешбурди соҳибкории хурду миёна, таъсиси  нави марказҳои  касбомӯзи, тарбияи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонони фаъол ва ташаббускор бо мақсади корҳои роҳбарикунанда ҷалб намудани  онҳо, пурзӯр намудани  корҳои  таблиғотӣ дар миёни ҷавонон, мусоидат ва пешгирӣ намудани  ҷавонон аз роҳҳои бегонапарстӣ ва гаравидани онҳо ба созмону ҳаракатҳои ифротию террористӣ дастуру супоришҳо дод, ки баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо чораҳои зарури андешида шуда истодааст.

Чуноне  гуфтем, таъсиси  Шӯрои миллии кор бо ҷавонон иқдоми аввали Пешвои миллат дар ҳаёти сиёсиву  иҷтимоии ҷавонон ба ҳисоб намеравад. Балки қабл аз он, дар замони соҳибистиқлолӣ чандин иқдому дастурҳои дигар  низ баҳри  татбиқ ва пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон қабул ва амалӣ гардонида шудаанд.

Ба гунаи мисол, метавонем  тавсиби Қонун “Дар бораи  сиёсати давлатии ҷавонон” (соли 1994), қабул гардидани  “Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи  ҷоизаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистн ба Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмиллалии варзишӣ” (соли 2015) ва ғайраҳо ин ҷо оварем, ки аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон дарак медиҳад.

 

 

 

                       Азизи Назрибек

              Раиси Суди иқтисодии ВМКБ:  –

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *