Зимни ироаи Паёми солонаашон ба маҷлиси Олии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низоми маорифи кишвар таваҷҷӯҳ намуда, таъкид намудаанд, ки аз ҷониби сохторҳои марбута ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Сарвари давлат зикр намуданд, ки дар рушди босуботи ҳамкории байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба муттахасисоне, ки сатҳи касбияти баланддошта забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.
Инчунин, барои забономӯзии наврасону ҷавонон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад. Аз ҷумла, бо ин мақсад бояд аз тамоми имкониятҳо, китобхонаҳо, ки барои тадрису омӯзонидани забонҳо заминаи бисёр мусоид мебошанд, васеъ ва самаранок истифода карда шавад, – иброз доштани Пешвои Миллат.
Дар баробари ин, масъалаи забономӯзии кормандони давлатӣ низ дар мадди назари Ҳукумати кишвар қарор дорад ва забондонии кормандони давлатӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти кор шуморида мешавад.
Бинобар ин, Ҳукумати кишвар ба масъалаи таълими забонҳои хориҷи таваҷҷӯҳи хосса намуда, ҷиҳати такмили омӯзиҳи забонҳои хориҷӣ барои чанд марҳала барномаҳои давлатӣ қабул намудааст.
Масалан, татбиқи барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030, ки иҷрои он аз моҳи январи соли 2021 шуруъ гардидааст, идома дорад.
Қайд кардан зарур аст, ки ҷиҳати амалигардонии ин нуқтаҳои Паёми имсола мебояд, ки тамоми кормандони соҳаҳои мухталифи ҷомеа ва инчунин сокинони саҳмгузорӣ намуда, бо ҳамин ба рушди фаъолияти давлату ҷомеа ҳиссагузорӣ намоем.
Ғарибшозода Р. Қ
Муовини раиси суди иқтисодии ВМКБ