Ҳамасола Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карда шуда, дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон муҳимтарин комёбӣ дар ҷодаи давлатдории миллӣ ба шумор меравад.
Саҳми назарраси занону бонувон низ дар рушди бемайлону соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷумҳурӣ, дар баробари таҳлили фаъолияти сохторҳои давлатии мамлакат дар Паёми имсола мавриди диққат қарор гирифт.
Андешарониҳо масъалаи мақому манзалати зан-модар аз нуқтаҳои меҳварии Паём дониста шуда, дар ҳар суханрониҳояшон Пешвои миллат бо як самимияти хоса аз занон ва фаъолияти назарраси онҳо ёдовар мешавад. Дар робита ба ин дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ чорабиниҳои зиёде баҳри иҷрои нуқтаҳои Паёми роҳандозӣ шуда истодаанд.
Пешвои миллат доимо дар тамоми суханронӣ ва Паёмҳои хеш ба Маҷлисии Олии кишвар атрофи мавзӯи занону бонувон таваҷҷуҳ менамояд. Дар Паёми навбатӣ зикр карда шуд, ки давлату ҳукумати мамлакат самти муҳими сиёсати иҷтимоии худро ба ғамхории ҳамаҷониба нисбат ба занону духтарон равона намуда, имсол аз амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани” мақоми зан дар ҷомеъа” 25 сол сипари гардид, ки таввасутти татбиқи он зан –модари тоҷик дар ҷомеа мақом манзалати хосаеро касб намуд.
Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои хеш ҳамеша таъкид менамояд, ки мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувони духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил доремва дастгирии ҳамаҷонибаи мавқеи иҷтимоӣ ва ташаббусҳои созандаи онҳоро минбаъд низ идома медиҳем.
Президенти кишвар бо як меҳру ихлос, садоқату башорат ва эҳтиром зиёд нисбат модарону бонувон зикр карданд, ки модарон бояд ба тарбияи дурусти фарзандон машғул шаванд, зеро инкишофи маънавӣ ва тарбиявӣ, ахлоқи фарзанд аз модар вобастагӣ дорад. Занон ки имрӯз як узви таркиби ҷомеаи шаҳрванди маҳсуб меёбанд, аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар роҳи сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ пуштибонӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар пешрафту густариши кишвари хеш саҳми арзанда дошта бошанд. Ин аст, ки сол аз сол таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба занон зиёд гарида, баҳри баланд бардоштани мақому манзалати занон, ҷалби онҳо ба хизмати давлатӣ пешбари намудани занону бонувони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Судяи Суди иқтисодии ВМКБ:
Азорабекзода Т.Ш