Спитамен: Боздид аз иншоотҳои муҳим

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебонисо Абдуллозода ва Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад ба ноҳияи Спитамен ташриф оварда, дар доираи сафари расмӣ аз раванди сохтмон ва азнавсозии чандин иншооти муҳим дар ноҳия дидан намуданд.

Меҳмононро раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.

Аз ҷумла, дар доираи ин ташаббус аз бинои Суди ноҳияи Спитамен боздид сурат гирифт.

Инчунин, масъулин ба беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен ташриф оварда, бо раванди таъмиру сохтмон дар ин муассисаи тиббӣ шинос ва масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ба мардуми ноҳияро баррасӣ карданд.

Ҳамзамон, мағозаи “Гулрез” мавриди боздид қарор гирифт, ки омодагиҳо барои ифтитоҳи он ҷараён дорад. Мағоза дар доираи амалии нав ва стандартҳои баландтарини хизматрасонӣ ба мизоҷон таъсис ёфтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки меҳмонон инчунин бо сохтмон ва таъмири Маркази саломатии √2, ки дар раванди беҳтар кардани инфрасохтори тиббӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолии ноҳия мебошад, шинос шуданд.

манбаъ: Аз саҳифаи  фейсбукии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *