Ҳокимияти судӣ ҳамчун сохтори калидӣ дар масоили риоя ва ҳифзи хуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷойгоҳи хоси худро дошта, аз рӯи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судиро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ ба амал мебароранд.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 бармеоянд, дар судҳои иқтисодӣ Нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, иҷрои саривақтии бандҳои он таъмин карда мешаванд. Муҳтавои Паём дар ҷаласаи васеи кормандони судҳои иқтисодӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар ташкилоту муассисаҳо ва мулоқот бо аҳолӣ аз ҷониби кормандони судҳои иқтисодӣ дар маҷмуъ 261 маротиба омӯзиши нуқтаҳои Паём роҳандозӣ карда шуда, дар ин ҷода тавассути воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳо 89 маротиба баромад ва мақолаҳои илмиву оммавӣ ба чоп расонида шудааст.
Вобаста ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 декабри соли 2023, таҳти № 668 дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024, дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳои судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ оид ба амалисозии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 тасдиқ гардида, аз ҷониби кормандони судҳои иқтисодӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба роҳ монда шуда, дар ташкилоту муассисаҳо ва мулоқот бо аҳолӣ 723 вохӯрӣ доир карда, тариқи телевизиони марказию маҳаллӣ 136, ба воситаи радиои марказӣ 175 баромадҳо ва дар рӯзномаву маҷалла ва сомонаҳо 286 мақолаҳои илмиву оммавӣ чоп гардида, инчунин ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Нақшаи мазкур баргузор намудани Конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи “Конститутсия кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд” пешбинӣ шудааст.
Дар пайгирӣ аз сиёсати ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандаи Роҳбари давлат ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №305 аз 01 июли соли 2022 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни мазкур нақшаи чорабиниҳои Суди Олии иқтисодӣ тасдиқ ва мавриди иҷро қарор дошта, корҳои ободонию созандагӣ, кабудизоркунӣ, шинонидани гулҳои ороишӣ ва мавсимӣ ҳар рӯзҳои шанбе ба тариқи шанбегиву ҳашарҳо ба роҳ монда шудааст. Аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот манзур карда мешавад.
Иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021- 2025) таҳти назорат буда, аз корҳои анҷомдода ба Шурои миллии муқовимат бо коррупсия ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар муҳлатҳои муқарраргардида маълумотнома манзур карда мешавад.
Дар робита ба иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, таҳти №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ”, инчунин бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони судҳои иқтисодӣ дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ роҳандозӣ гардидааст, ки ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад.
Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, дар ин давра 372 нафар ба судҳои иқтисодӣ ба таври шифоҳӣ ва 162 муроҷиати шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ дар шакли хаттӣ ворид гардида, аз ин шумора (муроҷиатҳои хаттӣ) 156 адад ҳал гардида, 6 адад дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.
Баҳри таъмини иҷрои дастури Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 апрели соли 2011 доир ба қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе, судҳои иқтисодӣ дар давраи ҳисоботӣ 141 шаҳрвандонро қабул намуда, арзу дархости онҳо ҳал гардидааст.
Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили омори фаъолияти судӣ дар самти ба амалбарории адолати судӣ собит месозад, ки нимсолаи аввали соли равон дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 1609 адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардидааст.
Аз ҷумла, бо баровардани ҳалнома 863 парванда, истеҳсолот доир ба 80 парванда қать карда шуда, 85 аризаҳо бебаррасӣ мононда шудааст. Қабули 10 ариза рад карда шуда, 2 парванда аз рӯи тобеият ва 240 арзу дархостҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудаанд. Дар суди марҳилаи кассатсионӣ 158, дар суди марҳилаи назоратӣ 163 ва дар Раёсати Суди Олии иқтисодӣ 8 адад парванда баррасӣ карда шудааст.
Давраи ҳисоботӣ зимни муроҷиат бо аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ба судҳои иқтисодӣ 1 755 920,97 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт карда шудааст.
Доир ба рӯёнидани маблағҳои зарар ва қарзҳои бонкӣ дар ҳамин давра ба маблағи 137 867 251,33 сомонӣ талаби даъво қонеъ ва ба маблағи 3 909 389,44 сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст. Оид ба рӯёнидани ин маблағҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ варақаи иҷро дода шудааст.
Қобили қайд аст, ки дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷро ва дигар мақомотҳо тибқи маълумоти дастрасгардида дар давраи ҳисоботӣ иҷрои санадҳои судӣ воқеан ҳамчун маблағҳои боҷи давлатӣ ва маблағҳои зарару қарзҳои кредитӣ руёнидашуда ба андозаи 164 208 716 сомонӣ таъмин карда шудааст.
Баҳри иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 аз ҷониби судҳои иқтисодӣ 268 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, доир ба парвандаҳои баррасигардида дар 269 ҳолат вайронкунии қонун ошкор карда шуда, ҷиҳати бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба вайронкунии қонун оварда расонидааст, бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор таъинотҳои хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ирсол карда шудааст.
Дар ин давра, 16 ҷамъбасти амалияи судии баррасии парвандаҳо гузаронида шуда, барои бартараф намудани сабабу омилҳои ҳуқуқвайронкуниҳо, пешгирӣ ва ислоҳи камбудиҳои роҳ додашуда 61 пешниҳод ба мақомоти дахлдор ирсол гардидааст.
Ғайр аз ин, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба аҳолӣ фаҳмонидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар барномаи маърифати “Ҳуқуқи Шумо”, ки ҳафтае як маротиба дар Муассисиаи давлатии “Ҷаҳоннамо” баргузор мегардад, ки дар он судяҳо 14 маротиба иштирок ва баромад карда ба саволҳои дода шуда посух додаанд.
Ҳамзамон, тариқи телевизион ва радиои марказию маҳаллӣ, дар вохӯриву мулоқот бо аҳолӣ 1034 баромадҳо, дар матбуот ва сомонаҳо 286 мақолаҳои илмиву оммавӣ ба чоп расонидаанд.
Бобати иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шартномаҳои байналмилалӣ бармеоянд, нимсолаи якуми соли равон ба судҳои иқтисодӣ ҳамагӣ 9 супориши судӣ ворид, аз ин 7 баррасӣ гардида ва 2 адад дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Ғайр аз ин, 9 дархост дар бораи эътироф кардан ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ (арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва судҳои ҳакамӣ) ворид ва баррасӣ карда шудааст.
манбаъ: Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (https://soi.tj)