Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид.
Воқеан Истиқлол – волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки бисту нӯҳ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷик – миллат аст.
Кишвари мо дар натиҷаи фитнаву дасисаи қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллат ба воқеияти талху даҳшатнок табдил ёфта буд.
Вале мардуми шарифи Тоҷикистон бо саъю талоши ватандӯстонаву фидокорона ба хотири ҳимояи истиқлолияти давлати ҷавони худ ин имтиҳони сахту сангини таърихро паси сар намуданд.
Дар як муддати кӯтоҳ мо на танҳо мушкилоти зиёди баъдиҷангиро бартараф карда, сулҳу суботро дар мамлакат барқарор сохтем, балки барои пешрафти бо мароми кишвар асоси мустаҳкаму боэътимод низ гузоштем.
Ҳоло бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорем, ки ҳамаи корҳои азими созандагиро, ки то имрӯз дар кишвари маҳбубамон амалӣ намудем, ба номи мубораку муқаддаси истиқлолият анҷом додем. Зеро истиқлолият барои мо рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шарафу эътибори Тоҷикистони азизамон мебошад.
Гузашта аз ин, истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад.
Яке аз омилҳои расидан ба қадри ин неъмати бузург ва ҳимояи он дар зеҳну шуури ҳар як соҳибватан ташаккул додани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки танҳо бо доштани давлати соҳибистиқлол, Ватани соҳибихтиёр ва ҷомеаи пешрафта метавонем дар дунёи мутамаддин мақоми арзанда дошта бошем.
Ба шарофати истиқлолият имрӯз Тоҷикистон соҳиби ҳокимияти судии мустақил ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ, ба инкишофу таҳкими институтҳои демократӣ, ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ноил гардид.
Вобаста ба талаби замон ҷиҳати таъмин намудани ягонагӣ, мустақилӣ, истисноӣ, ба қонун итоат намудан ва бо мақсади мукаммал гардонидани қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти мақомоти судӣ 6 августи соли 2001 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
Бо мақсади рушди низоми судии кишвар, баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо, нақш ва мавқеи суд дар таъмини воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ҳоло барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои солҳои 2019 – 2021 таҳия шуд. Ба андешаи мо ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ – ин ворид намудани тағйироту иловаҳо набуда, балки куллан дигаргун намудани фаъолияти мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеаи навини тоҷикон мебошад, ки он ба баланд бардоштани обрӯю эътибори суд мусоидат менамояд.
Бо камоли ифтихору самимият тамоми мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони пойтахти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони озоду соҳибихтиёр – шаҳри Хоруғ ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон – бисту ҳаштумин солгардӣ истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди худогоҳу худшиноси мамлакат бахту саодат ва дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Азизи Назрибек
Раиси Суди иќтисодии ВМКБ –