Судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ аз дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари мамлакат ба ҳокимияти судӣ руҳбаланд гардида, дар фаъолияти худ муқаррароти аз Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои аз мулоқоти Пешвои миллат бо судяҳои кишвар аз 21 ноябри соли сипарӣ, инчунин зимни суҳбату вохўриҳои Роҳбари давлат бо судяҳои ҷумҳурӣ бармеомадаро ба роҳбарӣ гирифта, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини қонунияту адолат нимсолаи якуми соли равонро бо нишондиҳандаҳои зерин ҷамъбаст намуданд.
Баҳри амалигардонии Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 Барномаву нақшаи дохилиидоравӣ тасдиқ гардида, иҷрои он идома дорад.
Иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2021 идома дошта, марбут ба банди 2-и он ҷиҳати танзими масъалаҳои мурофиаи иқтисодӣ лоиҳаи таѓйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ пешниҳод гардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул ва аз 19 марти соли равон таҳти № 755 мавриди амал қарор дорад.
Айни замон, масоили ба тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб донистани баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ мавриди омўзиш қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки зимни мулоқоти Пешвои миллат бо судяҳои ҷумҳурӣ 21 ноябри соли сипарӣ норасогии воҳиди кории котибони маҷлиси судӣ дар судҳои иқтисодӣ баррасӣ ва бо дастгирии Президенти мамлакат зиёд кардани воҳидҳои корӣ дар дастгоҳи судҳои иқтисодӣ ҳал гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2020 таҳти №1511 15 адад воҳиди котибони маҷлиси судӣ ҷудо гардид. Айни замон, дар ин самт озмун барои қабули ҳуҷҷатҳои довталабон эълон карда шудааст.
Ҳамзамон, бобати шафофгардонии фаъолияти судҳо марҳила ба марҳила гузаштан ба ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар фаъолияти судҳои иқтсиодӣ таҳти омўзиш қарор дорад. Айни ҳол, дар баробари сомонаи Суди Олии иқтисодӣ дар шабакаи интернетӣ сомонаҳои судҳои иқтисодии шаҳри Душанбе, вилоятҳо фаъол буда, оид ба фаъолияти суд иттилоот нашр мегардад. Вале иқрор бояд шуд, ки дар фаъолияти сомонаҳо камбудиҳо ба назар расида, вазъияти сомонаи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нигаронкунанда мебошад. Ҳамзамон гарчанде дар сомонаҳо почтаи электронии ҳар як судя фаъол карда шуда бошад ҳам, тавассути он корбарӣ хеле суст ба роҳ монда шудааст. Роҳандозӣ намудани ин тартиб дар коргузорӣ баробари судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, фаъолнокии шахсони иштироккунандаи парвандаро низ тақозо мекунад. Аз ин лиҳоз, ба судяҳо лозим аст, ки марбут ба ин масъала бо муроҷиаткунандагон корбарӣ намоянд ва баҳри марҳила ба марҳила ҷорӣ намудани коргузории электронӣ чораҷўӣ намоянд.
Татбиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 бо маром дар судҳои иқтисодӣ идома дошта, давраи ҳисоботӣ баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, фаҳмонидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо тариқи симову садо, инчунин зимни вохўриву мулоқотҳо бо аҳолӣ дар маҷмуъ 469 (485) маротиба баромадҳо намуда, дар матбуот 70 (77) ва дар сомонаҳо 67 (46) мақолаҳо доир ба мавзўъҳои гуногун ба чоп расонидаанд.
Инчунин, бо мақсади беҳгардонии фаъолияти низоми адолати судӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии қонунвайронкуниҳо ду мурофиаҳои таълимии судӣ оид ба баррасии парвандаҳои иқтисодӣ доир ба мавзўъҳои актуалӣ, аз ҷумла, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, риояи ҳуқуқу уҳдадориҳои шартномавӣ омодаву сабт карда ва тавасути телевизиони Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд. Дар ин хусус, ба судҳои поёнӣ тавсия дода мешавад, ки бо телевизионҳои маҳаллӣ дар ин ҷода ҳамкорӣ ба роҳ мондан аз манфиат холӣ намебошад, Дар телевизионҳои маҳаллӣ роҳандозӣ намудани намоишномаи “аз толори суд” яке аз роҳҳои дастрас баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии мардум мебошад.
Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, ба дастгоҳи судҳои иқтисодӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 – 299 (289) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид ва онҳо ҳал гардидаанд. Аз онҳо 114 мактубу дархостҳои Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 адад муроҷиати вазорату идораҳо, 11 лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ, 25 аризаву дархостҳои дигарро ташкил намуда, 123 (100) аризаву шикоят бевосита ба фаъолияти ба амалбарории адолати судӣ алоқаманд мебошад. Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 19(9) шикоят нисбати ҳаракатҳои судяҳо дахл дошта, мувофиқи санҷишҳои гузаронида ваҷҳҳои 3 (9) адади муроҷиатҳо нисбат ба ҳаракати судяҳо ва 3 аризаҳо нисбати 3 нафар кормандони дастгоҳи судҳо тасдиқ гардида, доир ба натиҷаи он амали 9(9) нафар судяҳо ва 3 кормандони дастгоҳи судҳо бинобар риоя накардани қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ, роҳ додан ба кашолкорӣ зимни ҳалли парвандаҳо дар назди Роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ мавриди муҳокима қарор гирифтааст.
Бобати иҷрои Паёми Сарвари давлат аз 20 апрели соли 2011 аз ҷониби раисони судҳои иқтисодӣ дар рўзҳои шанбе 181 (113) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул қабул ва арзу шикояти онҳо ҳал карда шудаанд. Инчунин, қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ рўзи 25 январи соли равон ба таври сайёр дар суди иқтисодии вилояти Ҳатлон доир шуда, муроҷиати шахсони воқеиву ҳуқуқӣ (12 нафар) шунида, ҳаллу фасл гардиданд.
Роҷеъ ба иҷрои Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 7 феврали соли 2009, таҳти №622, 3 (5) маводи дар воситаҳои ахбори омма ба нашррасида мавриди омўзиш қарор гирифта, аз натиҷаи онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ахборот ва ба муаллифону рўзномаҳо маълумот манзур шудааст.
Ҷиҳати баланд бардоштани савияи касбии судяҳо ва таҳлили фаъолияти онҳо аз рўи Нақшаи Суди Олии иқтисодӣ бо иштироки судяҳо, кормандони дастгоҳи судҳо охири ҳар моҳ машѓулиятҳои семинарӣ, ҷаласаҳои корӣ баргузор карда шуда, камбудиҳо ва мушкилотҳои ҷойдошта, сабабҳои бекоршавӣ ва таѓйирёбии санадҳои судӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода, диққати судяҳо оид ба татбиқи дурусту ягонаи меъёрҳои қонунҳои моддӣ ва мурофиавӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати мурофиаҳо ва қабули санадҳои қонунӣ ҷалб карда шуда, барои роҳ надодан ба кашолкорӣ ва ҳолатҳои коррупсионӣ чораандешӣ карда шудааст.
Масъалаҳои баррасии саривақтии парвандаҳо, инчунин баррасиашон боздошташуда ва бебаррасӣ монондашуда, назорати таъмини иҷрои санадҳои судӣ, дар судҳои поёнӣ бо расонидани ёрии амалӣ омўхта, натиҷаҳои он дар ҷаласаи васеъ бо иштироки судяҳо мавриди таҳлилу баҳодиҳӣ қарор гирифт. Дар ин замина, вобаста ба камбудиҳои ошкоргардида амали 3 нафар судяҳо муҳокима гардида, раисони суд ва судяҳо бобати андешидани тадбирҳо барои бартараф ва пешгирӣ намудани норасоиҳо вазифадор гардиданд.
Дар самти тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ба роҳбарӣ гирифта шуда, дар нимсолаи аввали соли 2020 5 нафар судяҳо дар судҳои иқтисодии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суѓд ротатсия карда шуда, 5 кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такмили ихтисос фаро гирифта шуда, як нафар дар Донишкадаи мазкур ба магистратура интиқол дода шуд.
Судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати иҷрои ин вазифаҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корҳои зеринро ба сомон расониданд.
Аз қабулу ҷамъбаст намудани омор бармеояд, ки нимсолаи аввали соли равон дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 1851 (1660) адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардида, аз ҷониби суди марҳилаи якум бо парвандаҳо 1509 (1481) санадҳои судӣ қабул карда шудааст. Аз ҷумла, 1049 парванда моҳиятан ҳал гардида, доир ба баҳс ҳалномаи судӣ бароварда шуда, бо 56 (66) парванда истеҳсолот қатъ карда шуда, 74 (73) аризаҳо бебаррасӣ мононда, қабули 12 (7) ариза рад ва 318 (317) аризаҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудааст. Дар марҳилаи кассатсионӣ 207 (178) парванда ва дар марҳилаи назоратӣ 135 (133) парванда баррасӣ гардидаанд. Дар маҷмўъ 1851 адад аризаву даъвоҳои муроҷиаткунандагон баррасӣ гардида, аз ин шумора 15(16) санади судӣ дар марҳилаи кассатсионӣ ва 6(4) санади судӣ ба тариқи назоратӣ бекор карда шудаанд, ки давари ҳисоботӣ дар маҷмўъ 21(20) санади судӣ ё 1.1% (1,2%)-ро ташкил медиҳад.
Тавре таҳлили омор нишон медиҳад, шумораи умумии парвандаҳои баррасишуда нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 191 (102) адад зиёд гардидааст.
Дар давраи зикршуда барои ба фоидаи давлат рўёнидани 446 115 202 (110 658 959) сомонӣ талабот арз гардида, ба маблаѓи 339 836 011 (99 461 537) сомонӣ қонеъ ва бо санадҳои судӣ ба фоидаи давлат ба маблаѓи 1 645 107 (1 925 416) сомонӣ боҷи давлатӣ рўёнида шудааст.
Ҳамзамон, таҳлилҳои омор собит месозанд, ки дар ин давра ҳангоми муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ 1 891 434 (3 658 769) сомонӣ боҷи давлатӣ ба буҷети давлатӣ пардохт карда шудааст. Қобили зикр аст, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли гузашта 1 767 335 сомонӣ кам мебошад, ҳарчанд шумораи муроҷиат ва андозаи талаботи даъво ба манфиати давлат дар давраи ҳисоботӣ афзудааст (446 115 202 (110 658 959)). Ҳолати мазкур мавриди таҳлил қарор гирифта, муайян гардид, ки бештари аризаҳои даъвогӣ ба манфиати давлат (Бонкҳо, молия, андоз) аз ҷониби мақомоти прокуратура пешниҳод гардида, тибқи қонунгузорӣ оид ба боҷи давлатӣ мақомоти мазкур зимни пешниҳоди аризаи даъвогӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод мебошад. Ин ҷо бояд гуфт, ки тақдири боҷи давлатӣ минбаъд тибқи қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ бо ҳалномаи суд ҳаллу фасл гардида, боҷи давлатӣ ба андозаи 1 645 107 сомонӣ ба фоидаи давлат ситонида шудааст.
Дар ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида иҷрои санадҳои судӣ ба маблаѓи 39 150 800 (53 527 182) сомонӣ ( зарару қарзҳои кредитӣ ва боҷи давлатӣ) таъмин карда шудааст. Дар ин самт ба судяҳо зарур аст, ки масъулият ҳис намуда, баҳри назорати иҷрои санадҳои судии қабулнамудаашон бо мақомоти дахлдор ҳамкориро ҷиддӣ ба роҳ монанд.
Шумораи 122 (164) парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ шуда, судҳо 129 (130) таъинотҳои хусусӣ бароварда, 12(19) ҷамъбастиҳо гузаронида, ба мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо 8 (20) адад пешниҳодҳо ирсол карда шудааст. Ин нишондиҳандаҳо нисбати давраи ҳисоботии қаблӣ паст буда, то андозае таъсири паҳншавии бемории COVID-19 низ ҷой дорад.
Мувофиқи Созишнома оид ба тартиби иҷрои мутақобилаи қарорҳои судҳои арбитражӣ, хоҷагӣ ва иқтисодӣ дар ҳудуди давлатҳои ИДМ аз 6 марти соли 1998 (Тоҷикистон 13 декабри соли 2000 №197 ба тавсиб расонидааст) 6 (10) адад супоришҳои судии аз судҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Белорус воридгардида, иҷро ва посухи дахлдор ирсол карда шудааст.
Омузишу таҳлили натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи якуми соли равон нишон медиҳад, ки дараҷаи масъулиятнокии судяҳои алоҳида дар қабули санадҳои судӣ беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд. Ба монанди, ба таври дақиқ омўзиш намудани ҳуҷҷатҳои парванда, баргардонидан ё рад кардани қабули аризаи даъвогӣ, тобеияти идоравӣ ва судии баҳсҳо, дурустии андозаи боҷи давлатӣ ва дигарҳо. Ҳамзамон, ҳарчанд доир ба масъулияти судяҳо дар риояи муҳлати баррасии парвандаҳо, сифати баррасӣ ва иҷрои санадҳои судӣ дар ҷаласаҳо мунтазам таъкид мегардад, ҳануз камбудиҳо дар фаъолияти судяҳои алоҳида боқӣ монда, онҳо ба нишондиҳандаҳои судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ таъсир расониданд.
Аз ин рў, муовинони Раиси Суди Олии иқтисодӣ ва Раисони судҳои поёниро зарур аст, масъалаҳои зикргардидаро дар нимсолаи дуюм мавриди омўзиш қарор дода, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҷўӣ намоянд.
Мехостам, диққати судяҳоро ба сифати таҳияи санадҳои судӣ, баланд бардоштани малакаи дониши касбӣ ҷалб намоям. Ба Суди Олии иқтисодӣ зарур аст, дар ин самт ҷамъбастиҳо доир ба баҳсҳои судӣ оид ба муфлисшавӣ, баҳсҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии омма бармеоянд ва баҳсҳои марбут ба замин гузаронида, инчунин дар барномаи машѓулиятҳои омўзишии ҳармоҳа ворид кардани мавзўҳои зикргардида ва расонидани ёрии амалиро дар судҳои поёни бояд ҷиддӣ ба роҳ монад.
Дар маҷмўъ, таҳлили фаъолияти судҳои иқтисодӣ нишон медиҳад, ки то ҳоло дар баъзе судҳо ҳолатҳои риоя накардани тартиби пардохти боҷи давлатӣ, нодуруст татбиқ намудани қонунҳои моддӣ ва мурофиавӣ, ки боиси бекоршавии санадҳои судӣ гардидаанд, дар муҳлатҳои муқарраргардида омода накардани қарорҳо ва протоколҳои маҷлиси судӣ, ба тарафҳо сари вақт насупоридани нусхаи санадҳои қабулгардида, саривақт ба иҷро пешниҳод нашудани санадҳои судӣ ва назорати иҷроиши онҳо ба чашм мерасанд.
Бинобар ин, таҳлили фаъолияти нимсолаи аввал аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки ҷиҳати иҷрои вазифаҳои конститутсионӣ марбут ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, қонунияту адолат, таъмини мустақилияти судяҳо муқарраргардида, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ба асос гирифта шуда, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф карда, адолати судӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ бо дарки баланди масъулияти касбӣ ба роҳ монда шавад.