Санаи 15-17 апрели соли 2019 бо мақсадӣ иҷрои Қарори Раёсати Суди Олии иқтисодӣ дар бораи ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодӣ барои соли 2018 ва банди 6-и нақшаи кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2019 аз ҷониби гуруҳи корӣ дар ҳайати Судяҳои Суди Олии иқтисодӣ Азизи Ҷалолиддин, Нуриддинӣ Нурулло ва мутахассиси пешбари раёсат Вализода Фаррух , ки бо фармоиши раиси суд тасдиқ карда шудааст, ба судяҳои суди иқтисодии ВМКБ ёрии амалӣ расонида шуд. Инчунин оиди фаъолияти суди иқтисодии ВМКБ санҷиш гузаронида шуд.
Гуруҳҳои корӣ фаъолияти суди иқтисодии ВМКБ -ро бобати риоя намудани қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ зимни баррасии парвандаҳо, дар муҳлатҳои муқарраршуда омада намудани санадҳои судӣ ва протоколҳои маҷлиси судӣ оид ба парвандаҳо мавриди санҷиш қарор дода,ҳамчунин ба судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ёрии амалӣ расониданд.