Гурӯҳи кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати судяҳои ҳамин суд Ширинзода Эраҷ, Азизӣ Ҷалолиддин, сардори Раёсат Асрорзода Зуҳуриддин ва сардори шуъба Ҷумазода Муродалӣ санаҳои 19-21 сентябри соли 2018 дар Вилояти Мухтори куҳистони Бадахшон дар сафари хизматӣ қарор дошданд.
Дар рафти сафар гуруҳи корӣ тибқи нақшаи кории Суди Олии иқтисодӣ ба суди иқтисодии Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ёрии амалӣ расонида инчунин барои пешбурди фаъолияти суд як адад компютер ва маҷмӯи қонунҳои соҳавиро тақдим намуданд.
Ҳамзамон дар рафти сафар бо аҳолии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон вохуриҳо баргузор намуданд. Дар вохурӣ бо аҳоли вобаста ба мавзуъҳои «Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», суҳбатҳо намуданд.
Инчунин қайд гардид ки Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор дорад ва бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳон, Тоҷикистон дар роҳи пешрафти иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратеги ва ба ин восита таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ ба суръат пеш меравад. Дар ин раванд бояд ҳар як фард хусусан сокинони Вилояти Мухтори куҳистони Бадахшон ҳушёриву зиракиро аз даст надода амнияти дохилии кишварро муҳофизат намояд.
Беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, дарки моҳияти хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ низ аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки гуруҳи корӣ атрофи онҳо мулоҳиза карданд.